Соҳибкорони вилояти Суғд омодаанд, ки барои мусоидат ба дарёфти қотилони як хонаводаи бутун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки шаби 1 ба 2-юми июн ба вуқӯъ пайваст, 30 ҳазор доллари ИМА маблағ пардохт кунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, айни замон кормандони милиса ҷиҳати ошкор сохтани ҷинояти мазкур маҷмӯи чорабиниҳои фавриву тафтишотиро анҷом дода истодаанд.
«Ҷараёни тафтиши парвандаи мазкур таҳти назорати махсуси вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимов қарор дорад», - таъкид кард Асадуллоев.
Ёдрас мекунем, ки аввали ҳамин моҳ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ афроди номаълум як оилаи бутун, аз ҷумла се нафар ноболиғонро ба қатл расониданд. ин ҳодиса шаби рӯзи шанбе ба якшанбе (1-2-юми июн) дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайваста, бо истифода аз силоҳи оташфишони автомат ҷинояткорон Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсари ӯ Ҳаётхон Бобоева, фарзандони ноболиғи онҳо – Рухшона Бобоеваи 16-сола ва Суҳробҷон Бобоеваи 15-соларо ба қатл расонидаанд. Фарзанди сеюми онҳо ноболиғ Санҷарбек Бобоев- 6-сола низ аз дуди оташ заҳролуд гашта, дар ҳаммомхона ба ҳалокат расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста