Ба парвандаи ҷиноӣ нисбати ташаббускори ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов мухри «махфӣ» гузошта шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Зайд Саидов хабар дод, ӯ огаҳӣ ёфтааст, ки расо пас аз як моҳи оғози парвандаи ҷиноӣ, 17-уми июн, он «махфӣ» шудааст.
Дар саҳифаи фейсбукии худ Шуҳрат Қудратов менависад: «Муфаттишони Агентии зиддифасод таҳти сарварии роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ Фирӯз Холмуродов ана ҳамин тавр кор мекунанд. Ҳама чизро таҳти назорат ва махфӣ нигоҳ медоранд. Аз мақомоти тафтишотии Прокуратураи генералӣ ва ВКД ҶТ ҳам гузарониданд. Ҳатто зимни тафтиши парвандаҳои ҷиноии Димон Ашӯров, ки барои рӯйдодҳои соли гузаштаи Хоруғ ба 12 сол ва Диловар Қосимов, ки барои даст доштан дар қатли язнаи президент ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буданду ман аз манфиатҳои онҳо ҳимоят карда будам, чунин ҳолат рух надода буд. Дар пеш маро боз кадом сирҳои тафтишотӣ интизоранд? Инро танҳо роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ медонад».
Ёдрас мекунем, ки қаблан муфаттишон ба Зайд Саидов дар фурсати наздиктарин муоинаи табибро ваъда дода буданд. Ахири ҳафтаи гузашта вазъи солимии ӯ дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ бад шуда, зикр гардида буд, ки ӯ ба муоинаи таъҷилии табиб ниёз дорад. Айни замон амволи тоҷири шинохта Зайд Саидов ва хешовандони наздики ӯ таҳти ҳабс қарор дорад.
Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид. Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд.
Санаи 22-юми майи соли равон суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод. Рӯзи 24-уми май роҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар мавриди чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштанро бетағйир боқӣ гузошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста