Суди ҳарбии гарнизони Хатлон собик муовини сардори яке аз дастаҳои посбонии нерӯҳои марзбонии ҷумҳуриро ба муҳлати зиёди зиндон махкум кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоҳир Искандаров хабар дод, майори нерӯҳои марзбонӣ Баҳриддин Иброҳимов зимни ба ҳайси муовини сардори посгоҳи марзии «Себандӣ»-и қисми низомии 2848-и воқеъ дар деҳаи Ковокии ноҳияи Шӯрообод фаъолият доштан, бо чанде аз сокинони маҳаллӣ ба фурӯши беш аз 22 кило маводи мухаддир кӯшиш мекунад.
«Моҳи ноябри соли 2004 маводи мухадддири афюн дар манзили сокини ноҳияи Восеъ Мурувватшоҳ Нурматов аз ҷониби кормандони милиса дарёфт гардида, аъзои ин гурӯҳ боздошт ва маҳкум шуданд, аммо он замон ба Иброҳимов муяссар шуда буд, ки аз мақомот пинҳон шавад», - иброз дошт Искандаров.
Ба қавли ӯ, Баҳриддин Иброҳимов моҳи январи соли равон боздошт ва барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 13 соли зиндон маҳкум карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста