Ба тоҷири маъруфи тоҷик, ки айни замон дар тавқифгоҳи мувақатии КДАМ ҶТ қарор дорад, муоинаи табибро иҷозат доданд.
Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои тоҷир ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ба зерҳимояаш муоинаи табиби дар озодӣ ба вазъии солимии ӯ назоратдоштаро иҷозат надода, ӯро табиби дигар муоина кардааст.
«Аз натиҷаи муоинаи духтар ва ба кадом беморӣ гирифтор шудани зерҳимояам огаҳӣ надорам, зеро ҳангоми муоина ҳузур надоштам ва ҳаминро гуфта метавонам, ки ба Саидов тамоми дорувории аз ҷониби табиб тавсияшуда расонида шуданд», - иброз дошт Қудратов.
Қаблан Шуҳрат Қудратов иттилоъ дода буд, ки ба парвандаи ҷиноӣ нисбати ташаббускори ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов муҳри «махфӣ» гузошта шудааст. Ҳамчунин чанд рӯз қабл Маҳмудҷон Қосимов, яке аз аъзои гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, дафтарҳои кории воқеъ дар маҷмааи «Гулистон Тур» дарҳол баъди ба ҳабс гирифтани раиси гурӯҳи ташаббускор Зайд Саидов муҳр зада шуданд .
Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид. Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд.
Санаи 22-юми майи соли равон суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод. Рӯзи 24-уми май роҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар мавриди чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштанро бетағйир боқӣ гузошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста