Пешвои ғайрирасмии ҳаракати динии «Салафия» дар Тоҷикистон Эшони Сироҷиддин аз маҳбас озод шуд. Ӯ соли 2009 тибқи моддаи 189-и КҶҶТ (Барангехтани низоъи мазҳабӣ ва миллӣ) ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Илҳом Маҳмудов хабар дод, имрӯз, 24-уми июн муҳлати ҳабси Сироҷидддин Абдураҳмонов (Эшони Сироҷиддин) ба итмом расид.
Ба қавли ӯ, се сол аз муҳлати ҳабси умумии Эшони Сироҷиддин таҳти афви «тиллоӣ» аз 20-уми августи соли 2011 бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти кишвар қарор гирифтанд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли 2009 дар яке аз масҷидҳои маҳаллаи Зарафшони пойтахт як гурӯҳи ҷонибдорони ҳаракати фаъолияташ дар ҷумҳурӣ мамнӯъи «Салафия» боздошт шуданд, ки миёнашон пешвои ғайрирасмии ҳаракат дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Абдураҳмонов низ ҳузур дошт. Ҳафт нафари ба узвият дар ин ҳаракат айбдоршуда ба муҳлатҳои гуногун – аз 5 то 7 соли зиндон маҳкум шуданд.
Пешвои салафиҳои Тоҷикистон Эшони Сироҷиддин ба 7 ва писараш Киромиддин Абдураҳмонов ба 7 соли зиндон маҳкум гардида, ахирӣ дар афви «тиллоӣ» аз маҳбас озод шуд.
Моҳи январи соли 2009 бо қарори Суди олии Тоҷикистон ҳаракати «Салафия» ба рӯйхати созмонҳои фаъолияташон мамнӯъ дар Тоҷикистон шомил гардид. Беш аз 10 созмони динӣ имрӯз фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ шудааст. Дар ин саф аз «Ал-Қойида», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳаракати исломии Туркистон (ҲИӮ)», «Толибон», «Ихвон-ул муслимин», «Ташкилоти Лашкари Тайиба», Ҷамъияти исломии Покистон», «Ҷамоати Таблиғ», «Салафия» метавон ном бурд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста