Агар ҶСК «Ориёнбонк» ба пардохти қарзи чанде қабл зиёдшуда дар ҳаҷми 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ исрор варзад, ширкати «Мовароууннаҳр» ба суд муроҷиат мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи ваколатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, ширкат ба унвони бонк мактуби расмӣ фиристода, ишора намудааст, ки маблағи воқеъии қарзи ширкат дар назди бонк ҳамагӣ 2 млн. 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
«Албатта, мо аз эҳтимол дур намедонем, ки қарз аз ҳисоби фоизҳои солона афзоиш ёфта бошад, аммо ҳаминро яқинан гуфта метавонам, ки ширкат ба бонк 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт карланӣ нест, зеро чунин маблағ надорад. Мо ба бонк маблағи қарзи воқеъии худ – 2 млн. 400 ҳазор сомониро баргардониданием ва аз ин рӯ, бо мактуб ба бонк муроҷиат намуда, дубора мавриди омӯзиш қарор додани ин вазъи ногуворро пешниҳод кардем», - иброз дошт Ёров.
Номбурда афзуд, рӯзҳои наздик бояд ба ширкат посухи бонк бирасад ва агар бонк пешниҳоди ширкатро рад карда, пардохти 4 млн. 990 ҳазор сомониро талаб кунад, ширкат ҳатман ба суд муроҷиат хоҳад кард.
Ба қавли қавли ӯ, «Ориёнбонк» ба талаб кардани пардохти фоизҳо ҳуқуқ надорад, зеро пас аз боздошти Охунов иншооти ширкат аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ таҳти ҳабс қарор дода шуда, ҳамчунин анҷом додани ягон муомилот бо амвол манъ гардида буд. Аз ин рӯ, аз ҳисоби фурӯши иншоот ширкат ба бонк қарзро баргардонида наметавонист.
Дар ҳамин ҳол, дар «Ориёнбонк» аз шарҳи чӣ гуна афзудани қарзи ширкати «Мовароуннаҳр» ва нияти фурӯхтани амволи дар ихтиёри бонк будаи ширкат худдорӣ карданд. Айни замон як қароргоҳи ширкат бо техникаи зиёди сохтмонӣ, таҷҳизоти истеҳсоли бетон ва майдони сохтмони 19,2 гектар дар ихтиёри бонк қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста