Дар зарфи 4 рӯзи баргузории амлиёти махсуси «Садо», ки аз аз санаи 25-уми июн то 5-уми июли соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор мегардад, кормандони шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе беш аз 50 адад автомашинаро бо таҷҳизоти махсуси садодиҳанда, ки боиси норозигии норозигии шаҳрвандон ва халалдор гаштани оромӣ мегардад, боздошт ва ба майдончаи ҷаримавӣ мунтақил карданд .
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе Шерафган Латифов хабар дод, аз тамоми воситаҳои нақлиёти боздоштшуда рақамҳояшон гирифта шуда, то замоне, ки соҳибонашон таҷҳизоти ғайримеъёрии садодиҳандаро иваз накунанд, рақами автомашинаҳо баргардонида намешавад.
«Ғайр аз ин, нисбати ронадагони ин автомашинаҳо дар бораи қонуншикании маъмурӣ санадҳо тартиб дода шуда, ҷиҳати чорабинӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардиданд», - зикр кард Ш.Латифов.
Ёдрас мекунем, ки бо мақсади пешгирии ҳолатҳои истифодабарии таҷҳизоти махсуси ғайримеъёрии садодиҳанда, аз санаи 25-уми июн то 5-уми июли соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе чорабинӣ таҳти унвони «Садо» ҷараён дорад.
Амалиёти мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақсадноки ШБДА РВКД дар ш.Душанбе гузаронида шуда, бо мақсади таъсирбахш гузаронидани он аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар ҳолати мушоҳида намудани истифодабарии ғайриқонунии таҷҳизоти махсуси садодиҳанда дар воситаҳои нақлиёт ва садо додани овози гӯшхарош дар назди даҳлезҳои биноҳо ва ҳавлиҳои истиқоматӣ бо телефонҳои боварии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе: 221-00-46, 221-00-16, дар тамос шаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста