Журналист Маҳмадюсуф Исмоилов, ки ба тааъҷӯӣ айбдор карда мешавад, ба тавқифгоҳи муваққатии №2-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.
Фахриддин Худойбердиев, адвокати рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов дар ин робита гуфт, зерҳимояашро то анҷоми тафтишот ба тавқифгоҳи муваққатӣ гузаронидаанд. «Барои иҷозати вохӯрӣ бо Исмоилов ман ба номи муфаттиш Шараф Акрамов дархост навиштам ва акнун посухи онро интизорам», - мегӯяд ҳимоятгар.
Ба қавли адвокат, ӯ аз болои иҷозати суд дар бораи таҳти ҳабс нигоҳ доштани М.Исмоилов ба суди вилояти Суғд шикоят бурдааст , зеро кӯдакони хурдсоли сесолаву семоҳа ва ҳамчунин хоҳари маъюби 73-солааш таҳти таъминоти ӯ қарор доранд.
Қобили зикр аст, ки чанде қабл Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба боздошти собиқ журналисти назетаи «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт Маҳмадюсуф Исмоилов изхороти расмӣ пахш намуд.
Ёдрас мекунем, ки аз моҳи ноябри соли соли 2010 Маҳмадюсуф Исмоилов муддати 11 моҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти ҳабси пешакӣ қарор гирифта буд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 135 (Тӯҳмат), 136 (Таҳқир), 189, қ. 2 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 250 (Тамаъҷӯӣ) гумонбар дониста шуда буд.
Моҳи октябри ҳамон сол дар бинои тавқифгоҳи муваққатии № 2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ баргузор шуда, бо қарори суд журналист аз рӯи тамоми моддаҳои дар боло зикршуда гунаҳкор дониста шуд. Суд ӯро дар ҳаҷми 50 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримабандӣдӣ намуда, аммо бо назардошти муддати 11 моҳ дар ҳабс қарор доштани ӯ, ҳаҷми ҷарима ба миқдори 17 ҳазору 500 сомонӣ кам ва 33 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Ҳамчунин ӯ аз ҳуқуқи машғул гардидан ба фаъолияти рӯзноманигорӣ ба муддати 3 сол маҳрум гардида, аз толори суд озод шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста