Дар ВМКБ аъзоёни гурӯҳи ҷинояти, ки дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даст доштанд, безарар карда шуданд. Дар ин бора Маркази робитаҳо бо ҷомеъаи КДАМ хабар медиҳад.
Дар ҷараёни амалиёти муштарак дар қаламрави ноҳияи Шаҳритус нашъаҷаллоби эҳтимолӣ, аъзои яке аз гурӯҳҳои ҷиноятии Хоруғ, сокини ҷамоати Поршнев Темурбек Бозорови 48-сола ва писари 21-солаи ӯ Элбек Бозоров дастгир шуданд.
Боздоштшудагон дар фурӯши маводи мухаддир муттаҳам мешаванд. Аснои тафтишоти манзили истиқоматии Бозоров беш аз 2 килло героин, таппончаи Макаров бо 34 дона тир, 40 дона тирҳои гуногун, 300 гармм сангҳои қиматбаҳо, 27 ҳазор сомонӣ, инчунин заврақи резинӣ, ки эҳтимол меравад барои моли қочоқӣ тавассути сарҳади Тоҷикистону Афғонистон истифода мешуд, пайдо ва мусодира гардиданд.
Тавре тафтишоти пешакӣ муайян намуд, Бозоров сангҳои қиматбаҳоро аз корманди Кумитаи ҳолатҳои фақуллода ва мудофеаи шаҳрвандии ВМКБ, ки номаш ифшо намегардад, гирифтааст. Айни замон нисбат ба дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста