Шоми рӯзи якшанбе дар ноҳияи Файзобод посбони филиали яке аз бонкҳои калонтарини мамлакат кушта шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сокинони манзилҳои минтақаи атрофи бинои бонк хабар доданд, дар натиҷаи ҳамлаи ашхоси номаълум шоми рӯзи 7-уми июл посбони филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Файзобод ба қатл расонида шуд.
Ҷинояткорон яроқи посбони бонкро бо худ гирифта, аз чойи ҳодиса фирор карданд. Ба гуфтаи шоҳидон, тамоми шаб маркази ноҳияи Файзобод таҳти назорати шадиди кормандони мақомоти милитсия қарор дошт.
Манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин хабарро рад накарда, таъкид сохтанд, ки оид ба ин ҳодиса дар фурсати наздиктарин маълумоти расмӣ интишор мешавад.
Айни замон мушаххас нест, ки ба ҳамлагарон рабудани маблағи бонк муяссар шудааст ё на. Дар хусуси дар кадом самт фаъолият бурдани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ оид ба ин ҳодиса хабаре дар даст нест.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста