Кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ се сокини шаҳри Душанберо, ки дар киберҷиноят гумонбар шудаанд, боздошт карданд.
Тавре сомонаи расмии ВКД иттилоъ медиҳад, Денис Раҳимови 29-сола, Ҷамшед Ҷӯраеви 34-сола ва Парвиз Назарови 32-сола дар воридшавии ғайриқонунӣ ба системаи муҳофизати ширкатҳои мобилии кишвар гумонбар шудаанд.
Тибқи маълумоти нашршуда, дастгиршудагон дар давоми моҳҳои май ва октябри соли 2012 ҳуҷраеро дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба иҷора гирифта, дар он ҷо як блоки системавӣ ва шаш дона USB-HUB бо 58 адад 3G модем гузошта, ба истифода из барномаҳои махсуси компютерӣ ғайриқонунӣ ба системаи муҳофизатшавандаи ширкатҳои «Вавилон М» ва "Индиго Тоҷикистон" (ҳоло Tcell) ворид шудааанд.
Зимнан онҳо аз ҳар қадом ширкати номбаршуда 217 адад симкорт истифода карда, ба «Вавилон М» ба маблағи умумии 226 ҳазор сомонӣ ва "Индиго Тоҷикистон" беш аз 101 ҳазор доллари амрикоӣ хисорот ворид кардаанд.
Аз рӯйи ин ҳодиса тибқи моддаҳои 298 (Ғайриқонунӣ даромадан ба иттилооти компютерӣ) ва 299 (Тағйир додани иттилооти компютерӣ) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста