Яке аз комиссияҳои даъват ба хизмати ҳарбӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ 22 нафар толибилмони макотиби таҳсилоти умумиро ба хизмат даъват намудааст.
Зимни нишасти хабарӣ прокурори гарнизони ҳарбии Қӯрғонтеппа Маҳмуд Алимардонов иттилоъ дод, ки дар ҷараёни маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ комиссияи ноҳияи Шаҳритӯс 22 нафар толибилмони макотиби таҳсилоти умумиро ба хизмат даъват намудааст.
Ба қавли ӯ, 25-уми майи соли равон прокуратураи гарнизони Душанбе нисбати аъзои комиссияи ноҳиявии даъват мутобиқи моддаҳои 391 (Суистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият) ва 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
«Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ иштироки ҳар кадоме аз аъзои комиссияи ноҳиявӣ дар содир намудани ҷинояти мазкур муайян карда шуд», - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи Алимардонов, то ба имрӯз 13 далели ғайриқонунӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ муайян гардида, аз рӯйи далелҳои дигар тафтиш идома дорад. Чаҳор нафари мактаббачагони ғайриқонунӣ ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда ба хонаҳояшон баргардонида шудаанд.
Ба андешаи коршиносон, ҳолати мазкур мавҷудияти мушкилоти кайҳо маъмули «облава»-ро боз ҳам рӯшантар намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста