Чанд соат қабл дарҳол пас аз фуруд омадан ба майдони ҳавоии Шереметевои Маскав аз Прага пешвои созмони мухолифи «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев боздошт шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Дориюши Раҷабиён, ки дар яке аз кишварҳои аврупоӣ ба сар мебарад, бо такя ба сарчашмаҳои худ дар шаҳри Маскав хабар дод.
Ба қавли ӯ, айни замон Атовуллоев дар яке аз тавқифгоҳҳои муваққатии шаҳри Маскав қарор дорад. Дар ҳамин ҳол, 12 соат қабл дар саҳифаи худ дар Facebook Атовуллоев аксҳои тоза аз шаҳри Прагаро ба маърази тамошо гузошта буд.
Қобили зикр аст, ки журналисти тоҷик ва роҳбари ҳаракати мухолифи «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев бо интиқоди шадид аз ҳукумати Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон маъруфият касб кардааст. Солҳои ахир ӯ дар Русия ва Олмон зиндагӣ дорад.
Соли 2011 Прокуратураи генералии Тоҷикистион бори навбатӣ нисбати Д.Атовуллоев парвандаи ҷиноӣ боз намуда, истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро тақозо намуд, вале ин дархост низ ба мисли дархостҳои пешин аз ҷониби Русия ба инобат гирифта нашуд.
Дар ҳамин ҳол, нимаи моҳи майи соли равон дар шабакаи телевизионии «К+» ва видеохостинги YouTube сабти видеоӣ аз маъракаи тӯйи хонадоршавии писари президенти Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуд. Муаллифи барнома Додоҷон Атовуллоев ва сабти видеоиро ӯ шарҳу тавзеҳ медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста