Дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи тамғаи КамАЗ таҳти идораи сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Боймирзо Боевро боздошт намуданд, ки аз Душанбе ба Хуҷанд раҳсипор буд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни азназаргузаронии автомашина як пинҳонгоҳи махсус ва дар дохили он 20 кило маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира карда шудааст.
«Муайян карда шуд, ки ин миқдор маводи нашъаовар моли сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ҳоҷӣ Турсунбой Ҳомидов буда, ӯ дар навбати худ баёнот додааст, ки санаи 10-уми июли соли равон сокини шаҳри Хуҷанд Мустақим Сангинов аз ӯ дархост намудааст, ки ба интиқоли 37 кило маводи мухаддири ҳашиш ба Русия тариқи қаламрави Қирғизистон ва Қазоқистон ба ӯ мусоидат намояд», -гуфтанд дар КДАМ.
Ба иттилои манбаъ, зимни як амалиёти махсус М.Сангинов дар Хуҷанд боздошт гардида, зимни кофтуков аз ӯ дарвоқеъ ҳам беш аз 36 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира шудаст. «Айн замон оид ба ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад», - афзуд сарчашмаи хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста