Кормандони Раёсати Хадамоти федеролии назорати мухадиротии ФР дар вилояти Перм фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро, ки зери роҳбарии чанд тоҷик фаъолият дошт, қатъ намуда, 7 киллограм героин мусодира карданд. Дар ин бора ниҳоди мазкур иттилоъ додааст.
Қайд карда мешавад, ки дар натиҷаи тафтишоти тӯлонӣ, кормандони назорати мухаддиротӣ фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳи қҷноятпешаеро таҳти роҳбарии шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ менамоянд. Ба иттилои ин ниҳод, онҳо ба таҳвили миқдори зиёди героини сахттаъсир ба қаламрави вилояти Перм машғул будаанд.
Дар ҷараёни амалиёти фаврию ҷустуҷуӣ дар шаҳроҳи Перм-Екатеринбург кормандони полис як автомобилро боздоштанд ва аснои азназаргузаронии он 10 бастаи маводи нашъаоварро мусодира карданд, ки вазни он ду килограммро ташкил мекунад.
Аснои гузаронидани тафтиш дар манзили истиқоматии ҷинояткори асосӣ кормандони полис беш аз 3,5 кг, маводи нашъаовар мусодира карданд. Ҳамагӣ аз гардиши ғайриқонунии ҳамин қочоқчиён 7 килограмм героини дараҷаи таъсирнокияш баланд мусодира карда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста