Муҳлати ҳабси Зайд Саидов ду моҳ дароз карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Исҳоқ Табаров хабар дод, тафтишот дархости худро бо он асоснок кардааст, ки дар парвандаи Саидов далелҳои нав пайдо шуда, парвандаи нави ҷиноӣ боз гардидааст.
«Дар ин робита тафтишот аз суд дархост намуд, ки муҳлати ҳабси Саидов ду моҳи дигар дароз карда шавад. Суд далелҳои тафтишотро омӯхта, дархости мазкурро қонеъ кард», - зикр кард адвокат.
Ёдрас мекунем, ки пешвои гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов санаи 22-юми май дар давраи баргузории амалҳои тафтишотӣ нисбати парвандааш ба ҳабс гирифта шуд. Муҳлати таҳти ҳабс қарор доштани ӯ санаи 22-юми июл ба итмом мерасид. Агар то ин сана муфаттиш бо дархост дар бораи тамдиди муҳлати ҳабс муроҷиат намекард, чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов тағйир дода мешуд.
Аммо рӯзи 16-уми июл Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбати Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз карда, айни замон тафтишоти пешакӣ аз рӯйи ин парванда идома дорад.
Саидовро ба он муттаҳам мекунанд, ки гӯё ба номуси духтари 14-сола таҷовуз намуда, сипас муддати чор сол бо ӯ алоқаи ҷинсиро давом додааст ва духтарро се маротиба ба исқоти ҳамл маҷбур кардааст. Гуфта мешавад, айни замон ин духтар гӯё аз Зайд Саидов кӯдаки сесола доштааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста