Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки кормандони мақомоти корҳои дохилии Вилояти Суғд дар ҷараёни корҳои фаврию ҷустуҷӯйӣ дар шаҳри Хуҷанд гузаронидашуда беш аз 4,4 кг ҳашиш мусодира карданд.
Зикр карда мешавад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ ва ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони РВКД дар вилояти Суғд ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванди 28- солаи шаҳри Хуҷанд дастгир карда шуда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ ба миқдори 4 килою 422 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда мешавад. Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200 қисми 4 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Тибқи омори ВКД-и ҶТ, кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурӣ дар зарфи нимсолаи аввал аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тоннаву 555 кг воситаҳои нашъаовар, аз он ҷумла 152 кг героин, беш аз 149,5 кг афюн, 669 кг воситаҳои нашъаовари навъи каннабия ва 584 кг ҳашиш мусодира кардаанд. Ба иттилои ВКД-ии Тоҷикистон 41,5%-и ҳаҷми умумии мухадироти мусодиранамудаи тамоми сохторҳои кудратии кишвар рост меояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста