Нимсолаи аввали соли равон дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон шахсоне, ки ба қоидаи манъи тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя накарданд, дар ҳаҷми умумии 5 ҳазору 160 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Раёсати ВКД ҶТ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Абдулваҳҳоб Искандаров хабар дод.
Номбурда изҳор намуд, ки барои риоя накардани қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон 8 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, дар нимсолаи аввал дар маҷмӯъ дар қаламрави минтақа будубоши ғайриқонунии 267 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 55 тан аз онҳо аз қаламрави минтақа хориҷ карда шудаанд.
Ба қавли ӯ, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави 10 шаҳру ноҳияи минтақа 829 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 229 ҷиноят бештар буда, сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо 93,2%-ро ташкил додааст.
«Дар ин давра 101 ҷиноятҳои вазнин содир гардида, 98%-и онҳо базудӣ ошкор карда шуданд, аз ҷумла муяссар шуд, ки 5 ҳодисаҳои куштор, 5 далели таҷовуз ба номус, 3 амали ғоратгарӣ ва 290 ҳодисаи дуздӣ фавран ошкор карда шаванд», - иброз дошт Искандаров.
Зимнан зикр гардид, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ 50 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 30 нафар ҳалок шудаанд. «Ҳамчунин 252 далели дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт низ ба қайд гирифта шуд», - афзуд номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста