Амали террористиии 12 сол пеш содиршуда, ки дар натиҷаи он мушовири давлатии президенти Тоҷикистон Карим Юлдошев ба ҳалокат расид, то имрӯз аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди тафтиш қарор дорад.
Дар нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода изҳор кард, ки ҷинояткорон дер ё зуд дар назди суд ҷавоб хоҳанд гуфт. «Танҳо дар зарфи дуним соли ахир дар ҷумҳурӣ 110 ҳодисаи куштор ошкор гардид, ки тайи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ содир шуда буданд», - таъкид дошт ӯ.
Ба қавли прокурори генералӣ, аз рӯйи шумори содир гардидани ба истилоҳ «ҷиноятҳои пурсарусадо» миёни кишварҳои узви ИДМ Тоҷикистон дар мақоми охирин қарор дорад. «Дар ин маврид фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ муҳим аст ва ман боварӣ дорам, ки ҳама гуна ҷиноятҳоро мо ошкор месозем, вале барои ин вақт зарур аст», - зикр кард Салимзода.
Дар идома прокурори генералӣ иттилоъ дод, ки дар зарфи 6 моҳи соли равон оид ба далелҳои то ба худкушӣ оварда расонидан 26 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 12-тои он айни замон ҷиҳати баррасӣ ба судҳои зинаҳои гуногун фиристода шудаанд.
«Дар ин давра барои риоя накардани талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» 336 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, барои монеъа гардидан ба фарзандон, бахусус духтарон ба таҳсил нисбати 78 нафар парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд», - таъкид кард Салимзода.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста