Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба гумони даст доштан дар ришваситонӣ Илҳом Носиров, мудири шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ва табиби муолиҷакуни Ҳакимҷон Ҳазратқулов, гиторнавози марҳуми гурӯҳи «Парем»-ро боздошт намуд.
Бино ба маълумоти торнамои расмии Агентӣ, 17-уми марти соли ҷорӣ Ҳазратқулов бо ҷароҳати мағзи сар ба бинои 5-уми шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ оварда шуда, баъди гузашти 45 рӯз дар ин шуъба фавтид.
Гуфта мешавад ташхис ва муолиҷа дар ин шуъба ройгон буда, баргузории ҷараёни табобат ба зиммаи Илҳом Носиров ва зертобеъони ӯ вогузор шудааст, аммо бо маслиҳати пешакӣ ва истифода аз вазъи душвори волидайни бемор, табибон падари нафақахӯри ӯ - Муродқул Ҳазратқуловро маҷбур мекунанд, ки барои муолиҷа ва харидани доруворӣ маблағи пулӣ пардохт намояд.
Ҳамин тариқ, Илҳом Носиров муддати 43 рӯз аз падари бемор ба сифати пора 10 ҳазору 470 сомонӣ маблағи пулӣ гирифтааст. Барои харидани доруворӣ, ташкили навбатдорӣ, таъмин бо ғизо ва ғайра падари Ҳазратқулов дар маҷмӯъ 104 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот намудааст.
Пас аз фавти бемор дар шуъбаи эҳёгарӣ, Муродқул Ҳазратқулов ба Илҳом Носиров муроҷиат намуда, аз ӯ дархост мекунад, ки як қисмати маблағҳои ба сифати мукофотпулӣ барои табобати пурсамари писараш гирифтаро баргардонад. Санаи 16-уми июл Носиров дар ҳуҷраи кории худ як қисмати маблағи пулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор сомониро ба Ҳазратқулов баргардонида, ин ҳангом аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод дастгир шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбат ба мудири шуъбаи эҳёгарӣ мутобиқи моддаи 319-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, гумонбар ба ҳабс гирифта шудааст. Айни замон тафтиши пешакӣ идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста