Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба маҳбусони муассисаи ислоҳии низомаш шадиди ЯС 3/3-и шаҳри Хуҷанд Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев оғоз мегардад, ки тирамоҳи соли гузашта аз Душанбе ба Хуҷанд фиристода шуда буданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд, маҳбусон тибқи моддаҳои 332, қ. 2 (Кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозанд) ва 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешаванд.
Пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ва навори видеоии сохташуда ба ВАО ба кушодани ин парванда асос шудааст, ки дар онҳо осори лату кӯб ва шиканҷаи онҳо аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳӣ наворбардорӣ шудааст.
Файзинисо Воҳидова, адвокати яке аз маҳбусон Садриддин Тошев мегӯяд, мурофиаи судӣ имрӯз бояд дар бинои тавқифгоҳи мувақкатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳри Хуҷанд оғоз мегардид, вале бинобар сабаби бемории адвокат, ба рӯзи 25-уми июл мавқуф гузошта шудааст.
«Аз рӯйи қонун мурофиаи судӣ бояд дар бинои суди шаҳр доир гардад, зеро қонун шаффофияти ин ҷаласаро пешбинӣ мекунад. Гузашта аз ин, ман далелҳои иловагие дорам, ки бинобар беэътимодӣ ба тафтишоти пешакӣ, онҳоро ба ин мақомот пешниҳод накардам ва ҳозир ман омодаам, ки ин далелҳоро ба суд пешниҳод намоям. Ман ҷонибдори шаффофу ошкоро сурат гирифтани мурофиа мебошам, то ки ҷомеа ва ВАО аз вазъи имрӯза дар муассисаҳои ислоҳӣ ва муносибати кормандони он ба зиндониён огоҳ бошанд. Ҳамаи ин далелҳо ба суд пешниҳод хоҳанд шуд», - мегӯяд адвокат.
Ба андешаи ӯ, бо баргузор намудани мурофиаи судӣ пушти дарҳои пӯшида, ҳукуматдорон намехоҳанд, ки ҷомеа аз вазъи воқеъӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ огоҳ бошанд. «Аз ин рӯ, ман тақозо хоҳам кард, ки мурофиаи судӣ дар толори суди шаҳр гузаронида шавад», - изҳор намуд Воҳидова.
Тошев ва Ризоев дар қатори як гурӯҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта пас аз марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста