Дархости маҳбусони зиндони Хуҷанд Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев дар бораи рад шудани айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи ҷиноятиашонро суд қонеъ намуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати маҳбусон Файзинисо Воҳидова хабар дод, қабл аз оғози мурофиаи судӣ Тошев аз суд дархост намуд, ки иштироки айбдоркунандаи давлатӣ, прокурори назоратбари иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ Нусратулло Рухсатуллоев рад карда шавад.
«Дархост бинобар сабаби иштироки прокурор дар истифодаи зӯроварӣ нисбати маҳкумшудагон ва беамалии ӯ зимни баррасии шикояти маҳбусон аз болои амалҳои ғайриқонунии кормандони муассисаи ислоҳии низомаш шадиди ЯС 3/3-и шаҳри Хуҷанд пешниҳод гардид», - иброз дошт Воҳидова.
Ба гуфтаи ӯ, дархост аз ҷониби судяи суди шаҳри Хуҷанд Мусулмон Шарифов қонеъ гардида, ба ҷониби айбдоркунанда ишора шудааст, ки дар ҷаласаи навбатии судӣ ҳатман иштироки айбдоркунандаи давлатии дигарро таъмин намоянд. Ҷаласаи навбатии судӣ бояд имрӯз баргузор гардад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 25-уми июл дар шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба маҳбусони муассисаи ислоҳии низомаш шадиди ЯС 3/3-и шаҳри Хуҷанд Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев оғоз гардид, ки тирамоҳи соли гузашта аз Душанбе ба Хуҷанд фиристода шуда буданд.
Маҳбусон тибқи моддаҳои 332, қ. 2 (Кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозанд) ва 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешаванд.
Пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ва навори видеоии сохташуда ба ВАО ба кушодани ин парванда асос шудааст, ки дар онҳо осори лату кӯб ва шиканҷаи онҳо аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳӣ наворбардорӣ шудааст.
Тошев ва Ризоев дар қатори як гурӯҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта пас аз марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста