Дар нимаи аввали соли 2013 дар ҷумҳурӣ 690 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҷониби занон содир гардидааст. Нишондоди мазкур назар ба ҳамин давраи соли гузашта 241 адад бештар аст.
Тибқи иттилои раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Сумангул Тағоева, ба ин шумор 53 нафар духтарони ноболиғ шомиланд, ки асосан барои қаллобӣ ва дуздӣ дастгир шудаанд.
«Чанде қабл аз Кумитаи мо духтари 19-сола хиҳиши мадад намуд, ки дар нисбати ӯ аз рӯйи далели қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Мақомоти тафтишотӣ аллакай баррасии парвандаро анҷом дода, онро ба додгоҳ ирсол кардаанд. Аз рӯйи он моддаҳое, ки мавсуф айбдор карда мешавад, ӯро 12 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад»,-хабар дод Тағоева.
Ӯ ба он назар аст, ки ин муҳлат барои духтароне, ки аз беақлӣ қонунро вайрон кардаанд, хеле зиёд аст. Аз ин рӯ, Кумита ин духтарро бо вакили мудофеъ таъмин кард ва ҳуқуқшиносони ин сохтор ба ӯ машваратӣ ҳуқуқӣ доданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста