Кормандони шӯъбаи Оҷонсии зиддимухаддарот дар ВМКБ ва Хатлон амалиёти махсусеро дар мавриди қатъ кардани гардиши ғайриқонунии мухаддарот анҷом доданд, ки дар натиҷа як шаҳрванди Ҷумҳурии Афгонистон бо 15 килограмм канабис боздошт мешавад.
Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Оҷонсӣ иттилоъ доданд, амалиёти вижа дар маҳали Назарайвони ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон гузаронида шуда, дар натиҷаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини 32-солаи Афгонистон дастгир мегардад.
«Ҳангоми азназаргузаронии шахсӣ аз боздоштшуда салафани полиэтилении дорои моддаи баромадаш гиёҳӣ ва дорои бӯйи махсус мусодира гардид. Моддаи мусодирагардида канабис буда, вазнаш 15 килову 10 грамм аст»,-зикр карданд дар ин ниҳод.
Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар мавриди ошкор кардани мансубияти дигар ашхос ба ин ҷиноят идома доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста