Нимсолаи аввали соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 3 тоннаву 743 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 10,7% зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, дар ин давра 537 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли пеш 4,3% (561 ҷиноят) камтар аст.
Тӯли ним сол АНМН аз 53 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҷилавгирӣ ва дар натиҷа зиёда аз 461 кило мухаддирот мусодира гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52,2% зиёдтар аст.
Давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ аз ҷониби шуъбаи тафтишоти Агентӣ 66 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 45 парванда нисбати 66 нафар ба суд ирсол гардидаанд. Дар ин давра 9 нафар шаҳрвандони дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарордошта барои содир намудани ҷиноятҳои марбут ба мухаддирот боздошт шудаанд.
Барои қонуншиканиҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар 17 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардида, аз онҳо ба фоидаи давлат 10 ҳазору 900 сомонӣ маблағ ситонида шудааст.
Дар ҷараёни марҳилаи аввали амалиёти «Кӯкнор-2013», ки аз 20-уми май то 15-уми июл доир гардид, аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 787 кило маводи нашъаовар, аз ҷумла ҳудуди 31 кило героин, беш аз 223 кило афюн ва зиёд аз 533 кило маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис дарёфт ва мусодира гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста