Суди шаҳри Хуҷанд қонеъ намудани даъвои рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро рад кард.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Файзинисо Воҳидова, адвокати Тӯраҷонзода хабар дод, рӯзи 31-уми июл мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои Тӯраҷонзода (мурофиа 15 моҳ қабл оғоз гардида буд) нисбати раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, саримомхатиби масҷиди шаҳри Исфара Ҳоҷӣ Насрулло Азизов, саримомхатиби масҷиди шаҳри Конибодом Ҳоҷӣ Мақсудҷон Ӯрунов ва журналисти телевизиони вилоят Тоҳир Искандарӣ дар бораи ҳифзи обрӯву мартаба ва шаъну эътибор ба итмом расид.
Мурофиаи судӣ таҳти раёсати раиси суди шаҳри Хуҷанд Матлуба Ҳабибуллоева баргузор гардид.
Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли гузашта дар барномаи «Суҳбати озод»-и журналист Тоҳир Искандарӣ дар телевизони вилоят дар бораи баргузории маросими «Ошӯро» дар масҷиди Муҳаммадияи мутааллиқ ба оилаи Тӯраҷонзодаҳо дар Ваҳдат ибрози назар сурат гирифта, гӯё дар он суханоне садо дода буданд, ки шаъну эътибор ва мартабаи оилаи рӯҳонии маъруфро паст зада бошанд.
Ба гуфтаи адвокат, дар мурофиа далели аз ҷониби оилаи Тӯраҷонзодаҳо баргузор намудани маросими «Ошӯро» моҳи декабри соли 2012 дар масҷиди Ваҳдат муайян нашудааст.
«Гӯё оилаи рӯҳониён оинномаи масҷдиро риоя накарда, маросимро гузаронидаанд. Тамоми ваҷҳҳои даъвои мо аз ҷониби ҷавобгарон рад нашуданд. Онҳо эътироф намуданд, ки вақте дар бораи оилаи Тӯраҷонзодаҳо ҳарф мезаданд, мушаххасан на даъвогар – Ҳоҷӣ Акбар, балки бародари ӯро дар назар доштанд, вале дар барнома гуфтаҳое пахш шудаанд, ки сухан умуман дар бораи оилаи Тӯраҷонзодаҳо меравад. Мо бар ин назарем, ки дар барнома тамоми аъзои оила мавриди таҳқир қарор гирифтаанд ва аз ин рӯ, мо барои ҳифзи шаъну эътибор ба суд муроҷиат намудем, вале даъвои моро рад карданд», - изҳор кард адвокат.
Воҳидова ҳамчунин зикр кард, ки пас аз ба дасташ расидани қарори мазкур ба зинаҳои таҷдиди назар аз болои он шикоят хоҳад бурд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста