Судяи гарнизони ҳарбии Хуҷанд зимни порадиҳӣ ба корманди прокуратураи ҳарбӣ бо далели шайъӣ боздошт шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» прокурори ҳарбии вилояти Суғд Сафаралӣ Мирзоев хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, зимни амалиёти муштараки кормандони Раёсати Агентии зиддифасод ва КДАМ-и вилояти Суғд ҳангоми порадиҳӣ дар ҳаҷми 500 доллари ИМА ба корманди прокуратураи ҳарбӣ судяи гарнизони ҳарбии Хуҷанд М.С. дастгир шудааст.
«Ин маблағро судя ба корманди мо барои ҳалли масъала ба нафъи ӯ пешниҳод намудааст. Гап сари он аст, ки ӯ ду нафар (як нафараш хизматчии ҳарбӣ)-ро, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст доштанд, аз толори суд озод кард. Прокуратураи ҳарбӣ ба ин ҳукми суд эътироз оварда, сипас судя барои бозпас гирифтани эътироз пора пешниҳод кард», - зикр кард Мирзоев.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки нисбати судяи гарнизони ҳарбии Хуҷанд М.С. мутобиқи моддаи 320, қ. 1-и КҶ ҶТ (Додани пора ба шахси мансабдор ё тавассути миёнарав) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, парванда ҷиҳати баррасии минбаъда ба Сарпрокуратураи ҳарбии ҶТ ирсол гардидааст.
Бино ба маълумоти Раёсати Агентии зиддифасоди вилоят, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 22 далели (ҳамин давраи соли гузашта – 23 далел) порагирии шахсони мансабдор ва се далели порадиҳӣ ба кормандони Раёсати Агентии зиддифасод ба қайд гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста