Рӯзҳои 6-7-уми августи соли равон дар минтақаи «Олимтой»-и ноҳияи Восеъ аз тарафи кормандони милитсия бемувофиқа бо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дидбонгоҳ ташкил гардида, ҳангоми гузаштан аз ин мавзеъ ронандагону мусофирон беасос манъ ва мавриди санҷиш қарор гирифтаанд, ки ин амали онҳо ба норозигии ронандагон ва шаҳрвандон дар арафаи Иди саиди Фитр боис гардидааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳолати мазкур роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро ба ташвиш оварда, барои муайян намудани кормандони милитсия, ки ба ин амали номатлуб даст задаанд ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани онҳо санҷиши хизматӣ таъин карда шудааст.
Рафти санҷиши хизматӣ зери назорати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Гуфта мешавад, шахсоне, ки вобаста ба дидбонгоҳи мазкур ягон арзу шикоят дошта бошанд, метавонанд тариқи телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ (221-21-21) муроҷиат намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста