Дар маросими рӯбарӯкуниии рӯзи 13-уми август соҳибкори маъруф Зайд Саидов духтареро, ки ба таҷовуз ба номусаш ӯро айбдор медонад, нашинохтааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Исҳоқ Табаров иттилоъ дод, бо дидани духтар Саидов дарҳол гуфтааст, ки ӯро намешиносад ва ҳеҷ гоҳ бо ӯ ягон муносибате надоштааст.
«Зимни вохӯрӣ Зайд изҳор кард, ки ин духтарро бори аввал мебинад ва қаблан ӯро намешинохт, аммо духтар ӯро шинохта ба гунаҳкор кардани ӯ дар таҷовуз ба номусаш идома дод. Албатта, кӣ Зайдро намешиносад. Имрӯз ӯро ҳама мешиносанд», - гуфт Табаров.
Ба қавли адвокат, ба ҷуз айбдоршаванда, адвокат, «ҷабрида» ва намояндаи расмии ӯ, муфаттиш низ дар вохӯрӣ ҳузур доштааст.
«Чизе набошад, мо аз ин вохӯрӣ қаноатмандем. Муфассал сабабашро гуфта наметавонам, вале дар вохӯрӣ мо тамоми чизҳои зарурӣ барои худро шунидем», - иброз дошт адвокат.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки зерҳимояи ӯ то ҳанӯз аз дарди меъда азият кашида, ба ӯ кӯмаки тиббии тахассусӣ расонида нашудааст.
Ба савол дар бораи расидани посух аз Омбудсмен Зариф Ализода ба номаи Зайд Саидов, адвокат изҳор кард, ки зерҳимояаш аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон то ҳол посух нагирифтааст.
«Шояд то ҳанӯз номаи Саидов оид ба дархости вохӯрӣ ба ӯ нарасидааст. Аммо ман худ намефаҳмам, ки ин кор чӣ гуна имконпазир аст. Яқинан Омбудсмен васоити ахбори умумро мутолиа мекунад ва хабардор аст, ки Саидов ба ӯ нома фирситодааст, вале ба ҳар ҳол то ҳанӯз ӯ ба зерҳимояи ман посух надодааст», - зикр кард Табаров.
Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 16-уми июл нисбати Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Табаров ҳамчунин изҳор кард, ки то имрӯз адвокатҳо ба дастрасии озод ба зерҳимояашон имкон надоранд, ҳарчанд зимни нишасти хабарии ахири моҳи июл Омбудсмен таъкид дошта буд, ки дар ин масъала ҳеҷ мушкилие ҷой надорад. То имрӯз низ адвокатҳо бо Саидов танҳо дар ҳузури муфаттиш дидору суҳбат карда метавонанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста