Адвокати пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи-24» Николай Николаев дар саҳифаи худ дар шабакаи Facebook менависад, ки ҳукми истирдоди Умаралӣ Қувватов ҳоло тасдиқ нашудааст.
Бино ба навиштаи Николаев, қарори суд то ҳол дастрас нест ва ин овозаҳоро бародари ӯ – Анвар паҳн мекунад.
Николаев менависад, ки бо сабабҳои гуногун дар мурофиаи судӣ дар Дубай ҳузур надоштааст ва аз ин рӯ, гумону тахминҳо зиёданд.
«Ман айни замон ба қарор дастрасӣ надорам ва қарори судро бо дархост ба даст намедиҳанд. Адвокатҳои араб низ оид ба ин қарор маълумот дастрас карда наметавонанд ва чунин ба назар мерасад, ки он муҳри махфӣ гирифтааст», - мегӯяд Николаев.
Ба савол дар бораи чаро аз ҷониби бародари Қувватов тасдиқ шудани аллакай содир гардидани қарор дар бораи истирдоди ӯ, Николаев гуфт: «Ман чунин мешуморам, ки ӯ барқасдона дурӯғ мегӯяд ва мақсадҳои ба чунин амал даст заданашро ба виҷдони ӯ ҳавола мекунам».
Анвар Қувватов, бародари Умаралӣ, дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки муҳокимаи парвандаи истирдод, як моҳ пеш рӯзи 22 июл сурат гирифтааст, вале ӯ ҳанӯз дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта мешавад.
Ёдрас мекунем, ки Қувватов ахири моҳи декабри соли 2012 бо дархости ҳукуматдорони тоҷик дар Дубай боздошт шуд. Ба Аморати Муттаҳидаи Араб ӯ Аз Маскав омада, ният дошт, ки минбаъд сафарашро ба шаҳри Брюссел идома бидиҳад.
Дар ҳамин ҳол, аъзои Ҳаракати ҷамъиятиву сиёсии «Гурӯҳи-24» бо пахши як баёния аз мусалмонони Амороти Муттаҳидаи Арабӣ даъват ба амал овардаанд, ки садои худро барои озодии Қувватов баланд кунанд ва нагузоранд ӯ ба Тоҷикистон истирдод бишавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста