Аз бордони автомашинаи сокини шаҳри Ваҳдат кормандони милисаи пойтахт ҳудуди 28 кило маводи мухаддири ҳашишро дарёфт ва мусодира намуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе дар таги купрӯки воқеъ дар кӯчаи Путовскии пойтахт, автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами давлатиаш 50-51 ХН 02 РТ, ки ба шаҳрванд Пӯлод Солиҳови 29-сола, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Ваҳдат тааллуқ дорад, боздошт карда шуд.
«Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз бордони он 31 адад бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон маводи нашъадори «ҳашиш» ба миқдори 27 килою 980 грамм нигоҳ дошта мешуд, дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфта мешавад дар иттилои вазорат.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста