Ҳукуматдорони Гурҷистон мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон Додоҷон Атовуллоевро, ки рӯзи 20-уми август дар фурудгоҳи Тифлис боздошт шуда буд, раҳо карданд. Ӯро ба ифротгароии динӣ ва терроризм муттаҳам мекунанд.
Чӣ тавре ки имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» Додоҷон Атовуллоев хабар дод, ӯ аллакай дар Олмон қарор дорад. «Маро соатҳои 5-и вақти Тифлис раҳо карданд, вале дархост намуданд, ки ин маълумотро ифшо насозам», - иброз дошт Атовуллоев.
Ба қавли Атовуллоев, айни замон ӯ дар Олмон ба таҳияи изҳороти навбатӣ ба унвони ҳукуматдорони тоҷик машғул аст.
Ҳанӯз 20-уми август дар суҳбат бо ОИ «Азия-Плюс» ӯ хабар дода буд, ки то замони ошкор шудани тамоми ҳолатҳо ӯро аз фурудгоҳ рухсатӣ намедиҳанд.
«Ба ман иттилоъ доданд, ки маро бо дархости Интерпол боздошт кардаанд. Гӯё маро ҳукуматдорони тоҷик дар ифротгароии динӣ ва терроризм муттаҳам кардаанд. Ман кӣ будани худро ба онҳо фаҳмонидам, чанде аз маводи интишоршудаам дар рӯзномаҳо бо аксамро нишон додам ва ба фикрам онҳоро муътақид сохтам, ки маро ба мақсадҳои сиёсӣ таъқиб мекунанд. Вале ба ман гуфтанд, ки масъалаи озодиам бояд дар сатҳи баланд ҳал шавад. Ин ҷо рӯзи корӣ акнун оғоз меёбад ва бар ин назарам, ки ҳамин рӯз ин масъала ҳаллу фасл мегардад. Муносибат нисбати ман хуб аст», - гуфта буд Атовуллоев.
Ба қавли Атовуллоев, ӯ ба Тифлис аз Прага барои анҷом додани як қатор вохӯриҳо омадааст. Ба гуфтаи ӯ, ин вохӯрӣ мебоист ё дар Украина, ё Туркия ва ё Гурҷистон доир мегардид ва дар ниҳояти кор ба Гурҷистон афзалият дода шуд, зеро он барои ӯ «демократитарин» буда, ӯ бовар дорад, ки ҳукуматдорони Гурҷистон мутаносибан қарори демократӣ қабул хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, созмони байнулмилалии ғайриҳукуматии «Рӯзноманигорони бидуни марз» (Репортеры без границ) бо пахши як изҳорот дар сомонаи расмиаш аз ҳукуматдорони Гурҷистон даъват ба амал овард, ки Додоҷон Атовуллоев фавран озод карда шавад.
Дар изҳорот зикр гардид, ки Атовуллоев ба ҳеҷ гунае набояд ба ҳукуматдорони Тоҷикистон супурда шавад, зеро Олмон ба ӯ мақоми паноҳанда пешниҳод кардааст ва маҷбуран ба Тоҷикистон баргардонидани ӯ, нақзи талаботи Конвенсияи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқи гурезагон маҳсуб меёбад.
Дар ҳамин ҳол, дар пойгоҳи афроди мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаи Интерпол (Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ) исми Додоҷон Атовуллоев дарҷ наёфтааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз дар саҳифаи фейсбукиаш ӯ изҳор намуд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Тифлис маҳз бо дархости Интерпол боздошт гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста