Адвокатҳои соҳибкори маъруф Зайд Саидов аз Прокуратураи генералӣ дархост хоҳанд, ки барои муайян кардани эҳтимоли падар будани зерҳимояи онҳо нисбати кӯдаке, ки модараш ӯро ба таҷовуз ба номусаш айбдор мекунад, ташхиси ДНК гузаронида шавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати айбдоршаванда Исҳоқ Табаров хабар дод, онҳо аз Прокуратураи генералӣ баргузории чунин ташхисро дархост хоҳанд кард, зеро бидуни он парвандаи Саидов набояд ба баррасии суд ирсол гардад.
«Чун мақомоти тафтишот дархости ҳанӯз аввали моҳи август пешниҳодкардаи моро дар ин хусус ба инобат нагирифтанд, мо тасмим гирифем, ки ба ин исрор биварзем ва аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ дархост дар бораи баргузории ташхиси ДНК-ро омода намудем. Умедворем, ки ин дафъа посухи мусбат мегирем», - иброз дошт Табаров.
Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми август адвокат хабар дода буд, ки парвандаи Зайд Саидов бидуни баргузории ташхиси ДНК ба Прокураураи генералӣ ирсол гардид.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти тафтишот дархости онҳоро қонеъ накарда, танҳо ташхиси биологӣ гузаронидааст, ки он мувофиқат дар гурӯҳи хунро муайян карда, вале ба мушаххас намудани эҳтимоли падарӣ ба кӯдак кӯмак намекунад.
Адвокат ҳамчунин изҳор намуда буд, ки баргузории ташхиси ДНК дар Тоҷикистон ғайриимкон аст ва дар ин робита, онҳо омодаанд, ки ҳамаи хароҷоти баргузории он дар хориҷи кишварро ба зиммаи худ гиранд. Номбурда ҳамчунин гуфта буд, дар сурати қонеъ шудани дархосташон, ташхис шояд дар Олмон гузаронида шавад ва арзиши он ҳудуди 1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки дар маросими рӯбарӯкуниии рӯзи 13-уми август соҳибкори маъруф Зайд Саидов духтареро, ки ба таҷовуз ба номусаш ӯро айбдор медонад, нашинохт. Зимни вохӯрӣ Зайд изҳор кард, ки ин духтарро бори аввал мебинад ва қаблан ӯро намешинохт, аммо духтар ӯро шинохта ба гунаҳкор кардани ӯ дар таҷовуз ба номусаш идома дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста