Иштирокчиёни иқдоми флеш-моб ба хотири пуштибонӣ аз соҳибкори боздоштшуда Зайд Саидов ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабс маҳкум гардиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» хешовандону наздикони соҳибкор хабар доданд, чор писари Зайд Саидов ва домоди ӯ ҳабс шуда, узви гурӯҳи ташаббускор Мавҷуда Соҳибназарова ва посбони маҷмааи «Пойтахт» ба маблағи 280 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Қаблан узви гурӯҳи ташаббускори ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» Маҳмудҷон Қосимов низ ҳамчун созмондеҳи иқдоми флеш-моб ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд. Нисбат ба ҳамаи онҳо мутобиқи моддаи 460-и Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ боз гардид.
Ба гуфтаи Қосимов пеш аз мурофиаи судӣ, онҳоро ба он айбдор мекунанд, ки гӯё тартиботи ҷамъиятро халалдор сохта, таваҷҷуҳи ронандагони аз назди онҳо мегузаштаро ба худ ҷалб намудаанд. Иқдоми флеш-моб дар боми маҷмаии тиҷоратии «Пойтахт» доир гардида, барои шахсони ғайр аз назар пинҳон буд.
«Дар давоми баргузории аксия ҳудуди 15 нафар журналистон ҳам иштирок доштанд ва фикр мекунам, ки онҳо низ ин иқдомро арзёбӣ карда метавонанд», - гуфт Қосимов.
Дар моддаи 460-и Кодекс дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ ҷаримабандӣ дар ҳаҷми аз 7 то 10 нишондиҳандаи ҳисоб ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 5 то 15 рӯз пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки иқдоми флеш-моб рӯзи 27-уми август дар боми маҷмаии тиҷоратии «Пойтахт» баргузор шуд.
Дар аксия дӯстону наздикони Зайд Саидов, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО, дар маҷмӯъ беш аз 50 нафар ширкат варзиданд. Иштирокчиёни аксия овеза бо акси Зайд Саидовро бо 100 адад пуфак ба ҳаво сар доданд. Ҳамчун рамзи озодӣ 100 кабӯтар низ ба ҳаво сар дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста