Ҳайати мушовараи судии суди ноҳияи Киеви шаҳри Симферопол ду шаҳрванди Тоҷикистон, бародаронро ба 11 ва 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Суд онҳоро ба узвият дар гурӯҳи ҷиноятпешаи байнулмилалӣ, ки воситаи интиқоли героин ба Украинаро роҳандозӣ намуда буданд, гунаҳкор эътироф намуд.
Дар сомонаи расмии Хадамоти амнияти Украина дар ин робита зикр мегардад, ки моҳи августи соли 2012 дар фурудгоҳи байнулмилалии «Бориспол» кормандони хадамот дар Қрим шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистонро боздошт намудаанд, ки аз Душанбе ба Украина омада буд.
«Ин ҷавон ба интиқоли қариб 300 грамм героин дар дохили меъдаи худ (46 адад ғилофак) тавассути марзи давлатӣ кӯшиш ба харҷ дода, тафтиш созмондеҳи ин амал будани бародари ӯро, ки муддати зиёд дар Қрим иқомат дошт, ошкор намуд. Қаблан низ бародари ӯ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буд», - зикр мегардад дар хабар.
Мувофиқи қарори ҳайати мушовараи судӣ, ҳарду бародарон ба қочоқи воситаҳои нашъаовар ба миқдори ниҳоят зиёд муттаҳам дониста шуданд. Бародари калонӣ ҳамчунин ба ҷалби ноболиғон ба фаъолияти ҷинояткорона айбдор дониста шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста