Чор узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки нимаи моҳи гузашта бо мақсади омӯзиши вазъ атрофи бахши маҳаллии ҳизб дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон қарор доштанд, имрӯз, 7-уми сентябр ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, ба онҳо ба номи Воҳидхони Қосиддин, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Саодатшоҳ Адолатшоев ва Зарафо Раҳмонӣ даъватнома расидааст ва дар он сабабҳои даъват ба КДАМ зикр нагардидаанд.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи август зимни дар ВМКБ қарор доштан аъзои зикршудаи ҲНИТ дар роҳ аз Рӯшон ба самти Хоруғ мавриди таъқиб ва лату кӯб қарор гирифтанд. Он замон ҳизб тавассути сомонаи расмии худ дар ин робита изҳор намуда буд, ки рӯзи 13 август 5 узви ҳизб ҷиҳати расидагӣ ба вазъи мавҷуда атрофи бахши маҳалли ҳизб ба ВМКБ сафарбар гардиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста