Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар рӯзҳои ид фаъолияти гурӯҳи ҷинояткоронро, ки дар ҳудуди вилоят ба фурӯши маводи нашъадор машғул буданд, қатъ намуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 3 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар ҳудуди вилоят ба фурӯши маводи нашъаовари навъи ҳашиш машғул буданд, дастгир шуданд. Яке аз дастгиршудагон хонандаи синфи 11-уми гимназияи шаҳри Хуҷанд мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои иловагии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки ташкилотчии гурӯҳи ҷиноятпеша истиқоматкунандаи 34-солаи шаҳри Чкаловск буда, соли 2010 барои содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 «қаллобӣ» КҶ ҶТ УК РТ суд шудааст. Ҳамзамон дар вақти азназаргузаронии автомашинаи роҳбари гурӯҳи мазкур аз дохили он низ маводи нашъаовари ҳашиш ёфт ва мусодира гардид.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбати иштирокчиёни гурӯҳи нашъаҷаллобон бо моддаи 200, қисми 3 КҶ ҶТ «муомилоти маводи нашъаовар бо мақсади фурӯш» парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Тафтишот идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста