Зимни амалиёти махсуси кормандон ШВКД дар шаҳри Кӯлоб як гурӯҳи муташаккили машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, зимни амалиёт ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сокинони Кӯлоб – Фозил Боронови 45-сола, Тешахон Собирови 55-сола, Гурез Лоиқови 54-сола ва сокини 41-солаи ноҳияи наздимарзии Шӯрообод Садриддин Сафаралиев дастгир шудаанд.
«Дар вақти азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Дейво-Сиело», ки ба шаҳрванд Т.Собиров тааллуқ дошт, ба миқдори 7 кг 500 грамм маводи нашъадори навъи «бангдона» ва 4 кг маводи нашъадори «афюн» дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад», - зикр мегардад дар маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста