Суди олии Тоҷикистон судури ҳукм нисбати ғоратгарони манзили муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардонро ба муҳлати номуайян мавқуф гузошт.
Ин ҳукм инсбати се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки моҳи июни соли 2005 манзили он замон раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ, феълан муовини нахуствазир кишвар Муродалӣ Алмардонро дар ноҳияҲисор мавриди ғоррат қарор дода буданд, субҳи имрӯз бояд эълон мешуд.
Котиби суд Шодӣ Холов ба таъхир гузоштани эълони ҳукмро ба журналистон изҳор намуда, ба ҳеҷ гунае сабаби онро шарҳ надод.
Ёдрас мекунем, ки дар амали ғорати манзили зисти Муродалӣ Алимардон шаҳрвандон Умед Насриддинов, Зайниддин Самадов ва Дилшод Мирзоев гумонбар дониста мешаванд. Онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи панҷ моддаи КҶ ҶТ – 104 (Одамкушӣ), 130 (Одамрабоӣ), 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 249 (Роҳзанӣ) ва 254 (Соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани молу мулке, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст) муттаҳам карда мешаванд.
Моҳи июни соли 2005 се нафар шахсони мусаллаҳ манзили зисти раиси БМТ Муродалӣ Алимардонро мавриди ғорат қарор доданд. Ҳангоми ғоратгарӣ посбон ба қатл расонида шуда, автомашинаи хизматӣ рабуда шуд.
Баъдтар автомобили хидматӣ аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ каме дуртар аз пойтахт дарёфт гардид. Дар бағочдони автомобил бо дасту пои баста посбони дигар пайдо шуд, ки осеби ҷиддие надида буд. Худи Алимардон ҳангоми ғорат дар манзилаш набуд.
Баъди чанле ВКД хабар дод, ки аз манзили зисти Алимардон 7 ҳазор доллари ИМА ва 500 сомонӣ пули нақд ва ҳамчунин ороишоти тило рабуда шудаанд.
Соли 2005 яке аз посбонони Алимардон аз рӯи ин парванда маҳкум шуда, 8 моҳ адои ҷазо кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста