Салоҳиддин Камолов, бародари номзади пешбаришуда аз ҲНИТ ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназароваро рӯзи 29-уми сентябр ба шуъбаи милисаи ноҳияи Ёвон даъват карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Абдуқаюми Қаюмзод, котиби матбуотии ситоди О.Бобоназарова хабар дод, кормандони шуъбаи милиса ин амали худро бо он маънидод кардаанд, ки Камолов шоҳиди кадом ҳодисае дар меҳмонхонаи Ёвон будааст, ки дар он ба ҳайси ошпаз кор мекунад.
«Бобоназарова ба Ёвон раҳсипор шуданӣ буд, вале бародараш тавассути телефон дар ин робита изҳор намуд, ки ӯро аллакай аз шуъбаи милиса ҷавоб дода, аз рӯи ҳодисае ба сифати шоҳид ӯро бозпурсӣ кардаанд. Ӯро нозири маҳаллии милиса ба шуъба даъват кардааст», - гуфт Қаюмзод.
Ба қавли ӯ, ин даъват як шакли фишороварӣ ба худи Бобоназарова аст, зеро бародарашро бидуни даъватиномаи расмӣ ва дар рӯзи истироҳат ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Каморлов дар ноҳияи Ёвон ба гурӯҳи ташаббускори О.Бобоназарова дар ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории ӯ кӯмак мерасонад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста