Зимни як амалиёти махсуси кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Душанбе ба гумони даст доштан дар таҳияи долларҳои амрикоии қалбакӣ се нафар шаҳрвандони Камерун ва як тан аз табааи Гвинея боздошт шуданд.
Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, нахуст ду нафар шаҳрвандони Камерун боздошт шудаанд, ки моҳи август ба пойтахти Тоҷикистон омадаанд. Аз онҳо коғази махсус, маҳлулҳои кимиёвӣ ва дигар таҷҳизоти тахияи асъори қалбакӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Гуфта мешавад, онҳо кӯшиш кардаанд, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро бо 50 ҳазор доллари қалбакӣ фиреб диҳанд. Дар ҷараёни тафтишот боз ду нафар – шаҳрвандони Камерун ва Гвинея низ муайян шудаанд, ки онҳо низ бо ин амал машғул будаанд.
Мақомоти КДАМ ҶТ аз ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки агар дар ин робита маълумоте дошта бошанд ва ё аз амали ин афрод фиреб хӯрда бошанд, ба онҳо муроҷиат намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста