Кормандони созмони хайрияи «Дасти ёрӣ» Комил Арешов, Комрон Асозода ва Тоҳир Холов, ки қаблан барои майдаавбошӣ мутобиқи қонун ба панҷ шабонарӯзи ҳабс маҳкум шуда буданд, рӯзи 3-юми октябр тавассути телевизиони «Сафина» суханронӣ намуда, иқрор шуданд, ки миёни онҳо ва кормандони БДА нофаҳмӣ рух дод.
Комил Арешов ҳамчунин изҳор намудааст, ки ӯ ва ҳамкоронаш автомашинаро дар ҷойи барои таваққуфи ммошинҳо манъ нигоҳ дошта, бар асари он миёни онҳо ва кормандони БДА муноқиша ба вуқӯъ пайвастааст.
Қаблан дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сардори ШКД Маҳмадхолн Мирзоев дар ин робита чунин гуфта буд: «Зимни гузаштани корвони автомашинаҳои президент, онҳо натанҳо талаботи кормандони моро нодида гирифтанд, балки онҳоро мавриди таҳқир ҳам қарор доданд. Агар гӯянд, ки онҳро кормандони мо лату кӯб кардаанд, пас бигзор натиҷаҳои ташхисро пешниҳод намоянд».
Ёдрас мекунем, ки рӯзи боздошт Комил Арешов дар саҳифаи фейсбукиаш дар мавриди ин қазия иброз дошта буд, ки кормандони БДА онҳоро ғайриқонунӣ боздошт намуда, мавриди лату кӯбу таҳқир ва дашном қарор додааанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти имрӯзаи бахши тоҷикиии сомонаи радиои «Озодӣ» , Комил Арешов, бо тақозои Шӯрои амрикоӣ дар Душанбе як рӯз пеш аз мӯҳлат аз ҳабс озод шуда, алакай ба Амрико сафар кардааст. Гуфта мешавад, ҳамтақдирони Комил Арешов аз созмони "Дасти ёрӣ" Комрон Асозода ва Тоҳир Холовро рӯзи 3 октябр мақомот аз боздошгоҳи муввақати шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мошин хона ба хона бурдаанд, то ки бо хабарнигорон рӯбарӯ наоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста