Имрӯз дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии аризаи даъвогиии модари Баҳромиддин Шодиев, ки дар шуъбаи милисаи пойтахт эҳтимол бо сабаби шиканҷа ба ҳалокат расида буд, дар бораи ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 38 ҳазор $) баргузор мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат Гулчеҳра Холматова хабар дод, дар мурофиа ба сифати ҷавобгарон кормандони Вазорати корҳои дохилии ҶТ Х.Бадалов ва Х.Оймаҳмадов ва ҳамчунин ба сифати ҳамҷавобгарон панҷ нафар аз РВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҳузур хоҳанд дошт.
Ба гуфтаи адвокат, даъво аз ҷониби модари Шодиев нахуст ба суди ноҳияи Шоҳмансур пешниҳод гардида буд, вале чун ҷавобгар – ВКД дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонӣ воқеъ аст, баррасии даъво ба дӯши суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ вогузор шуд.
Ҳанӯз моҳи феврали соли равон бо ҳукми суд собиқ муфаттиши Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдураҳмон Додов ба хунукназарӣ зоҳир намудан, ки ба марги маҳбус Баҳромиддини Шодиев боис гардид, гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 2 соли зиндон бо адои ҷазо дар муассисаи сукунат маҳкум карда шуд.
Қобили зикр аст, ки ин таҷрибаи нахустини судӣ оид ба баррасии даъвои ҷуброни зарари молӣ аз ҷониби наздикони боздоштшудагон нест. Моҳи марти соли суд ВКД-ро ба пардохти ҷуброн дар ҳаҷми 46,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор $) ба ҳамсари сокини Душанбе Сафаралӣ Сангов водор намуд, ки ба қавли хешовандонаш бар асари лату кӯб ва шиканҷа дар шуъбаи милиса фавтида буд.
Ҳамчунин ҳамсари Исмоил Бачаҷонов, ки соли 2011 бар асари лату кӯб дар тавқифгоҳи Вазорати адлия ба ҳалокат расида буд, аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати мазкур дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ (беш аз 6 ҳазор $) ҷубронпулӣ гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста