Дар вилояти Суғд зимни гирифтани пора муовини ректори Донишкадаи тиҷорату савдо ва миёнарав бо далели шайъӣ боздошт шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии зиддифасоди вилояти Суғд хабар доданд, қаблан як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ин раёсат бо ариза муроҷиат намуда, хабар додааст, ки муовини ректори донишкада барои мусоидат ба қабул ба факултаи иқтисод аз ӯ дар ҳаҷми 2 ҳазору 500 доллари ИМА пора тамаъ кардааст.
«Зимни амалиёти доиргардида муовини ректор ва миёнарав ҳангоми гирифтани маблағи пора дар ҳаҷми 1 ҳазору 500 доллари ИМА бо далели шайъӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуданд», - гуфтанд дар Раёсати Агентӣ.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи «Қаллобии содиршуда дар ҳаҷми зиёд» парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати Агентии зиддифасод дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 47 далели қаллобӣ ошкор карда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста