Панҷ нафар ҷинояткороне, ки ба ғорати манзили падари вакили палатаи поёнии парлумон Меҳроҷиддин Ҳакимов дар ноҳияи Файзобод даст заданд, аз ҷониби кормандони милиса боздошт шуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳамчун гумонбар дар роҳзанӣ шаҳрвандон: Ҳакимов Барзу Мизробшоевич соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Шарипов Фирӯз Ҷурахонович соли таваллудаш 1993, Умаров Муҳаммад Маҳмадсадиқович, соли таваллудаш 1973, Худойбердиев Санчимурод Абдураҳимович соли таваллудаш 1970, Комилҷони Сайфиддинзода соли таваллудаш 1991, сокинони ноҳияи Файзобод дастгир карда шуданд.
Санаи 09.10.с.2013, тахминан соати 24:30-дақиқа Ҳакимов Барзу Мизробшоевич бо ҳаммаслаконаш Шарипов Фирӯз Ҷурахонович, Умаров Муҳаммад Маҳмадсадиқович, Худойбердиев Санчимурод Абдураҳимович, Комилҷони Сайфиддинзода ва нафарони ба тафтишот номаълум Маҳмад ва Абдулло занг зада, дар шаҳри Ваҳдат вохӯрда, маслиҳат намуда, нақшаи роҳзанӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Ҳакимов Достмурод, сокини ноҳияи Файзободро тарҳрезӣ кардаанд.
Сипас, онҳо бо таппончаи бозичагӣ ва кордҳои қатъшаванда мусаллаҳ гашта, дар автомашинаи тамғаи «Нексия», рақами давлатиаш 24-37 АР 02 РТ, ба самти ноҳияи Файзобод ҳаракат намудаанд. Бо дастуру пешниҳоди Ҳакимов Барзу Мизробшоевич соати 01:00-дақиқа ниқобу дастпӯшакҳои сохтмониро пӯшида, Шарипов Фирӯз Ҷурахоновичро ҳамчун назоратчӣ дар паси дар гузошта, боқимонда ҷинояткорон аз кушода будани дари истиқоматӣ истифода намуда, ба хонаи Ҳакимов Достмурод ворид гаштаанд.
Онҳо бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зӯрӣ барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок, бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ ва бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷинояткоронаашон вориди ҷои хоби Ҳакимов Д. гашта, аз кисаи костюмаш маблағи 1700 сомонӣ, баъди он аз дастони завҷааш Ҳакимова Гулсун ду ангуштарин ва як адад дастпонаи тиллогинро тасарруф намуда, набераи 16-солаи соҳибхона Ҳакимов Абдулҳак Меҳробовичро зери мушту лағат қарор дода, ба соҳибхона супориш додаанд, ки калидҳои сандуқи оҳанини (сейф) дар ҳуҷра бударо ба онҳо диҳанд.
Аммо аз ин ҳодиса кормандони милитсия хабардор шуда, фавран Шарипов Фирӯз Ҷурахоновичро дар ҷойи ҳодиса ва боқимонда ҳаммаслаконашро ҳангоми гурехтанашон дастгир намуданд. Аз онҳо 1-адад ангуштарин, 1-адад корди қатъшаванда, 1-адад бастаи скоч, 1 ҷуфт дастпӯшакҳои сохтмонӣ ва автомашинаи тамғаи «Нексия», рақами давлатиаш 24-37 АР 02 РТ, ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 249 қисми 4 бандҳои «д» ва «в» парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста