Рӯзи сешанбе, таҷлили Иди Қурбон кормандони милисаи пойтахт як гурӯҳи ҷавононеро боздошт намуданд, ки дар назди маркази тиҷоратии «Саодат» ба муноқиша пардохта, ҳамдигарро лату кӯб карданд. Яке аз иштирокчиёни муноқиша аз зарбаи корд ҷароҳати вазнин бардошт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар муноқишаи дастаҷамъона сокинони пойтахт Саид Қурбонов, Ҷамшед Азизови 17-сола, Азамат Идбиек, Меҳроҷ Ҳалимов, Тоҳир Ҳасани 16-сола, Диловар Шарифови 20-сола, Ҳабибулло Қаландарзорда, Отабек Ҳамдамови 18-сола, Пӯлодҷон Ҷамолиддин ва Никита Кувшиди 17-сола иштирок доштаанд.
«Дар ин муноқиша Диловар Шарипов ноболиғ Саид Қурбоновро бо корди дар дасташ буда 2 маротиба ба узвҳои баданаш задааст, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуд», - зикр мегардад дар иттилои ВКД.
Гуфта мешавад, гунаҳкорони ҳодисаи мазкур дастгир карда шуда, нисбати ҳолати ҷойдошта парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтиш идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста