Ҳукми ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 рӯз нисбати роҳбари дастгоҳи ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба ҷаримабандӣ дар ҳаҷми 400 сомонӣ иваз карда шуд.
Котиби матбуотии маъмурияти шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин қарор аз ҷониби ҳайати мушовараи суди вилояти Суғд қабул карда шудааст.
«Ҳайати мушовара бо назардошти ба гуноҳи худ иқрор шудани Қосиддинов дар вайрон кардани тартиботӣ ҷамъиятӣ, изҳори пушаймонӣ ва ба Исфара барои аёдати хеши бемор омаданаш ӯро аз ҳабси маъмурӣ озод кард», - иброз дошт Тешаев.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта ҳангоми адои намози Иди Қурбон дар яке аз масҷидҳои ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара роҳбари дастгоҳи ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов ба иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт шуд.
Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ҲНИТ бар ин назар аст, ки фишори афзоянда болои ҳизб ба рӯҳияи «Протоколи 32-20» созгор аст, ки стенограммаи ҷаласаи махфии ҳукумати ҷумҳурӣ номида шуда, баҳори соли гузашта ба ВАО роҳ ёфт. Тибқи ин ҳуҷҷат, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки ҷиҳати бадномкунии ҲНИТ ва аъзои он ва ҳамчунин роҳҳои аз сафҳои ҳизб хориҷ шудани аъзои он тадбирҳо андешанд.
Қобили зикр аст, ки феълан шумори аъзои ҲНИТ дар саросари кишвар беш аз 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз соли 2000 ду тан аз намояндагони ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумони кишвар фаъолият доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста