Дар ҷараёни чорабинии махсуси БДА ВКД Тоҷикистон оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ҷавонону наврасон 13 нафар донишҷӯёне ошкор шуданд, ки ба дарс бо автомашинаҳои шахсӣ меоянд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз шуъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ин донишҷӯён ба қонуншикани маъмурӣ даст зада, 12 нафарашон донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ва як тан толибилми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи тамоми далеҳои ба дарс бо автомашинаҳои шахсӣ ҳозир шудани донишҷӯён ба раҳбарияти муассисаи таълимӣ ва Вазорати маорифи Тоҷикистон маълумот пешниҳод мегардад. «Миёни автомашинаҳои ошкоршудаи донишҷӯён навъҳои автомобилҳои хеле гарони истеҳсоли Ҷопон ва ҳамчунин автомашинаҳои нисбатан арзонтар низ вуҷуд доранд», - гуфтанд дар шуъбаи БДА.
Чорабинии мазкур то 31-уми октябр гузаронида мешавад. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба муассисаи таълимӣ бо автомашина омадани донишҷӯён ва толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ манъ аст. Ғайр аз ин, ба донишҷӯёну толибилмон истифодаи телефони ҳамроҳ ҳангоми ҷараёни таълим низ манъ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста