Чанде қабл дар Душанбе маросими ба дастаи таъиноти махсуси ВКД Тоҷикистон супурдани кумаки моддии сафорати ИМА дар Тоҷикистон доир гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, нахуст вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов дар мулоқот бо ҳайати шахсии ДТММ иброз намуд, ки дар раванди тезутунди ҷаҳонишавӣ масъалаи мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа дар мадди аввал меистад, аз ин рӯ кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияро мебояд, ки боз ҳам аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон диҳанд. «Ман боварӣ дорам, ки Шумо аз иҷрои вазифаҳои хеш ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон бо иродаи матин, шарафмандонаву сарбаландона мебароед»-афзуд дар идомаи суханрониаш вазир.
Сипас, Сафири ШМА дар Тоҷикистон Эллиотт Сюзан барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба Вазири корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки дар оянда низ ин ҳамкориҳо тақвият бахшида мешаванд.
Дар доираҳои ҳамкориҳои дуҷониба кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия соли 2012 дар тренинги омӯзишӣ дар ШМА иштирок намуда, аз худ маҳорату малакаи баланди касбӣ нишон дода, сазовори таҳсину офарин гардиданд. Аз ин хотир Сафорати ШМА дар Тоҷикистон тасмим гирифт, ки барои гузаронидани машқҳои тактикӣ-омӯзишӣ ва дарсҳои таълимии афсарон ба ДТММ таҷҳизотҳои лозима, аз қабили ҷавшан, тоскӯлоҳ, ниқоб, дурбин ва дигар лавозимотҳо тақдим намояд.
Вазири корҳои дохилӣ барои ба ҷузъу томҳои ДТММ тақсим намудани таҷҳизотҳои воридгардида, дастуру супоришҳои мушаххас дода, афзуд, ки ин таҷҳизотҳои замонавӣ ҷиҳати осон намудани кору фаъолияти Дастаи таъиноти махсуси милитсия мусоидат менамоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста