Дар вилояти Хатлон 8 муҳоҷири кории ғайриқонунии покистонӣ ошкор шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» и. в. сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашев иттилоъ дод, будубоши ғайриқонунии онҳо дар қаламрави вилоят зимни баргузории амалиёти «Нелегал», ки аз 23-юми сентябр то 11-уми октябр баргузор шуд, ошкор гардидааст.
«Нисбат ба шаҳрвандони Покистон барои будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи умумии 8 ҳазору 760 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин дар ҷараёни ин амалиёт барои риоя накардани муқаррароти будубош дар қаламрави Тоҷикистон 1 шаҳрванди Афғонистон ва 4 шаҳрвнди Чин аз қаламрави кишвар хориҷ карда шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста